106 млн. сомонӣ пули фарсуда аз муомилот гирифта шуд
Душанбе, 19 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – БДА «Амонатбонк» ҳамчун ягона бонки давлатӣ дар қабули саривақтӣ ва ба буҷа гузаронидани андозу даромадҳо масъул мебошад. Дар соли 2012 ба суратҳисобҳои транзитии буҷаи давлат андозу пардохтҳо дар ҳаҷми 1,8 млрд. сомонӣ ва маблағҳои саҳмияҳои суғуртаи иҷтимоӣ дар ҳаҷми 1,1 млрд. сомонӣ ворид шуда, тавассути филиалҳои бонк ба суратҳисобҳои марбута гузаронида шуданд, ки нисбат ба соли 2011 мутаносибан 23,7% ва 37,7% зиёд аст. Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуотии бонки мазкур иттилоъ доданд, ки дар соли ҳисоботӣ тавассути филиалҳои БДА ҶТ “Амонатбонк” аз муомилот 106 млн. сомонӣ пулҳои фарсуда гирифта шуда, ба Бонки миллии Тоҷикистон супорида шуд, ки нисбат ба соли 2011 59,7% афзудааст. То якуми январи соли 2013 тавассути филиалҳои «Амонатбонк» ба 613 303 нафар нафақагири мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо талаботи маблағи моҳона ба андозаи 122 млн. сомонӣ хизмат расонида шудааст. Бо мақсади дастгирии бахши воқеии иқтисодиёт, мусоидат ба рушди соҳибкории хурду миёна ва ҷойгиркунии муҳлатнок дар соли 2012 ба 14 ҳазору 519 нафар ба маблағи умумии 321,5 млн.сомонӣ маблағҳои қарзӣ пешниҳод шудааст, ки нисбат ба соли 2011 38,5% зиёд аст.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






