Ғалабаи дастаҳои футболи хурди БМТ
Душанбе, 16 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дар соли 2012 бори нахуст аз тарафи Иттиҳоди футзали Ҷумҳурии Тоҷикистон чемпионат оид ба футзал дар ду сатҳ – силсилаи “А” ва силсилаи “Б” ташкил карда шуд. Дастаи Бонки миллии Тоҷикистон аввал дар силсилаи “Б”, яъне лигаи якуми чемпионат ширкат варзида, ҷойи якумро ишғол намуд ва барои иштирок дар силсилаи “А” (лигаи олӣ) роҳхат гирифт. Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Бонки миллӣ иттилоъ доданд, дар айни замон дастаи мо дар лигаи олии футзал фаъолона бозӣ карда, дар ҷадвали дастаҳо яке аз аввалинҳо мебошад. Хотирмонтарин комёбии дастаи футболи хурди Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2012- ин иштирок дар мусобиқа барои дарёфти “Ҷоми Александр Кирсанов” ва ғалаба дар он буд. Ташаббускорону ташкилкунандагони мусобиқаи пуршукуҳ дастаи Бонки миллии Тоҷикистонро табрик намуда, ботантана Ҷоми гиромидошти хотираи Александр Кирсановро ба мураббии даста Мирзонаҷот Назаров супориданд. Ҳамин тариқ, шумораи ҷомҳои дастаи футболи хурди Бонки миллии Тоҷикистон боз афзун гашта, дар китоби музаффариятҳои он саҳифаи наве илова шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






