Қарздории “Барқи тоҷик” аз андоз

Январь 24, 2013 10:23

Душанбе, 24 январ. (АМИТ «Ховар», Сарвинози Руҳуллоҳ) –Нусратулло Давлатов, раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки ШСХК “Барқи тоҷик” аз калонтарин корхонаи қарздори кумита ном бурда мешавад. Ба гуфтаи Н. Давлатов, то имрӯз “Барқи тоҷик” бинобар напардохтани ҳаққи андоз аз ин кумита ба маблағи 256 млн. сомонӣ ва ё 52,7 миллион доллари амрикоӣ қарздор мебошад. НОБ “Сангтӯда -1” бо напардохтани 33 млн. сомонӣ, Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об бо 56 млн. сомонӣ ва “Тоҷиктелеком” бо 5,5 млн. сомонӣ калонтарин корхонаҳои қарздор аз кумитаи андоз ба ҳисоб мераванд. Ба иддаои Нусратулло Давлатов дар давоми соли 2012, наздик ба 3, 5 ҳазор ва ё 3 фисади андозсупорандагон аз санҷиш гузаронида шуда, ба маблағи 272 миллион сомонӣ пинҳонкунии андозҳо ошкор шудааст, ки аз ин ҳисоб ба буҷаи кишвар 250 миллион сомонӣ ворид гардид. Ҳамчунин ба гуфтаи раиси Кумитаи андози Тоҷикистон дар пайи санҷишҳои кормандони ин ниҳод, 21 ҳазор андозсупоранда ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, аз ин ҳисоб ба буҷа 25 миллион сомонӣ маблағ ворид шудааст, ки нисбат ба соли 2011 қариб 10 миллион сомонӣ зиёд аст.  Раиси кумитаи андози кишвар дар посух ба суоли хабарнигори АМИТ “Ховар” дар мавриди ҷой доштани тамаъҷӯӣ ва сӯйистифода аз мансабро аз ҷониби нозирони андоз рад накард. Вай афзуд, ки танҳо дар соли гузашта тибқи маълумоти мақомоти қудратӣ, ки ба онҳо пешниҳод шудааст, 12 нафар бо ҷурми тамаъҷӯӣ ва сӯйистифода аз вазифаҳояшон аз кор озод шуданд. Парвандаи 3 нафар бо сабаби кам будани гуноҳ дар прокуратура қатъ гардида, 9 нафари боқимонда бо ҳукми суд ҷазо гирифтанд.

Январь 24, 2013 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд