Қонуни танзимро бояд риоя кард
Душанбе, 14 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Бо мақсади назорати риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» кормандони Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Кумитаи корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста аз ҷараёни баргузории маъракаҳои шаҳрвандон санҷишҳо мегузаронанд. Дар ибтидои соли равон аз ҷониби кормандони Раёсати номбурда 6 ҳолати қонуншиканӣ ошкор гардид. Аз ҷумла, вобаста ба чорабинии зодрӯз бо иштироки зиёди меҳмонон берун аз доираи оила, гузаронидани маъракаи арӯсбинон, ки онро Қонун дар доираи оила пешбинӣ намудааст, надоштани шартномаи хизматрасонӣ аз ҷониби сароянда, риоя нашудани меъёри истифодаи мошинҳо ҳангоми ақди никоҳ, тибқи талаботи қонунгузории амалкунанда гузаронидани чорабиниҳои бузкашӣ протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуданд. Бояд тазаккур дод, ки мутобиқи талаботи Қонуни мазкур дар арафаи идҳои расмӣ дар рӯзҳои истироҳат вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои давлатию ғайридавлатӣ, ҷамъиятҳои варзишӣ вобаста ба имкониятҳои молиявии худ метавонанд дар мувофиқа бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мақоми ваколатдори танзими анъана ва ҷашну маросимҳо маҳсуб меёбад, чорабиниҳои анъанавии варзишӣ — гӯштингирӣ, бузкашӣ, аспдавонӣ ва амсоли инҳоро ташкил намоянд. Дар чорабиниҳои мазкур барои пешгирии ҳолатҳои ногувор бояд намояндагони мақомоти дахлдор ширкат варзанд. Дар чунин чорабиниҳо ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла шуъбаи корҳои дохилӣ барои пешгирии осеб бардоштани иштирокчиёни чорабинӣ хадамоти тандурустӣ бояд ҳузур дошта бошанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






