«Ҳафт Пайкар» соҳиби торнигор шуд
Душанбе, 30 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Бунёди байналмилалии ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон мавсум ба «Ҳафт Пайкар» соҳиби торнамо www.7paykar.wordpress.com. гардид. Бунёди мазкур аз сӯи тарроҳи маъруфи тоҷик Мукаррама Қаюмова созмон дода шуда, дар соҳаи дӯзандагии Тоҷикистон бо истифода аз омезиши услубҳои замонавию қадимаи миллӣ дар тавлидоташ маъруф аст. Хонаи интернетии Бунёди мазкур бо истифода аз пойгоҳи маъруфи Вордпресс сохта шудааст. Бунёди мазкур ҳамсоли Истиқлолияти кишварамон буда, то имрӯз дастони моҳиру пурэъҷози бонувони “Ҳафт Пайкар” ҳазорон нақшҳои ҳайратовар ва маҳсулоти зебову ҷаззоб офаридаанд. “Ҳафт Пайкар” ба брэнде табдил гардидааст, ки бидуни он даҳҳо ҷашнвораву намоишгоҳҳоро чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишвар тасаввур кардан имконнопазир аст. Мукаррама Қаюмова, муассис ва раҳбари бунёд мегӯяд, аз он ифтихор дорад, ки маҳсули ранҷи дастони занони ҳамкори ӯ Тоҷикистонро ҳар сол дар даҳҳо намоишгоҳу чорабиниҳои милливу байналмилалӣ муаррифӣ мекунад. Инчунин бо ибтикори ин Бунёд ҳамасола дар Тоҷикистон ҷашнвораи байналмилалии ҳунар ва мӯд бо номи «Диёри ҳусн» гузаронида мешавад. Инчунин дар тамоми ҷашнҳои давлатию миллӣ либосҳои офаридаи саҳнавии «Ҳафт Пайкар» шукуҳбахши ҷашну озмунҳо ҳастанд ва қабулу гусели меҳмонҳои олимақом низ бо зебоиҳои офаридаи он сурат гирифтааст. Торнигор дар доираи барномаи «Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон» сохта ва тарроҳӣ шуда, бо се забон – англисӣ, тоҷикӣ ва русӣ дастрас аст. Аз он метавон доир ба таъриху дастовардҳои ширкат ва маҳсулоту хадамоташ иттилоъ дарёфт ва баъди шиносоӣ бо хусусиятҳои ҳар маҳсулоти пешниҳодшаванда онро фармоиш дод.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






