Ҳафтаи синамои Русия дар Тоҷикистон

Январь 28, 2013 15:26

Душанбе, 28 январ. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).- Имрӯз, 28-уми январ дар Душанбе ҳафтаи синамои Русия оғоз ёфт. Намоиши филмҳои синамогарони рус дар Маркази илмию фарҳангии Русия ҳамарӯза аз соати 10:00 то соати 15:00 баргузор мегардад. Тавре ки ба мо масъулони марказ хабар доданд, дар доираи ин барнома маъруфтарин филмҳои русӣ, чун «Мимино» ва «Бандии Кавказ» ба намоиш гузошта мешаванд. Ҳамчунин дар назар аст, ки барои тамошобинони хурдсол намоиши филмҳои тасвирӣ ба роҳ монда шавад.  Намоиши филмҳои Русия то рӯзи 31-уми январ идома меёбад.

Январь 28, 2013 15:26

Хабарҳои дигари ин бахш