Ҳамҷми пулҳои нақдӣ- 3,7 млрд. сомонӣ

Январь 22, 2013 15:53

Душанбе, 22 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани ҳаҷми пул дар муомилот дар соли сипаригашта сиёсати мутавозуни пулию қарзиро пеш гирифта, барои истифодаи босамари фишангҳои монетарӣ кӯшиш ба харҷ дод.  Тавре ки Раси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов зимни як нишасти матбуотӣ иброз дошт, бо мақсади муътадил нигоҳ доштани ҳаҷми пул дар муомилот паст намудани фишорҳои таварруми фишангҳои монетарӣ, аз қабили меъёри бозтамвил, меъёри захираҳои ҳатмӣ, ҷудо намудани қарзҳои пардохтпазирӣ, амалиёт дар бозори озод ва асъор мавриди истифода қарор гирифтанд. Аз ҷумла, зикр шуд, ки дар соли 2012 меъёри бозтамвил аз 9,8 фоиз то 6,5 фоизи солона паст гардид. Раиси БМТ афзуд, ки дар соли ҳисоботӣ ҳаҷми пулҳои нақдие, ки дар муомилотанд, ба 3,7 млрд. сомонӣ расид ва аз он 25,8 млн. сомониро тангаҳои филизӣ ташкил медиҳанд. Ҳамчунин дар нишаст зикр гардид, ки дар ин давра 1,4 млрд. сомонӣ ба муомилот бароварда шуда, 572,4 млн. сомонӣ пулҳои қоғазии корношоям ва фарсуда аз муомилот бозпас гирифта шуданд.

Январь 22, 2013 15:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд