Ҳамлаи мусаллаҳона ба кормандони БДА
Душанбе, 15 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- 14 январи соли 2013 тахминан соати 15.30 дақиқа аз ҷониби кормандони БДА шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Конибодом мошини тамғаи «Опел-Астра» бо рақамҳои қайди транзитӣ, ки таҳти идораи 2 нафар шахси номаълум қарор дошт, боздошт гардида, барои тартиб додани протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба майдончаи ҷаримавии ШБДА бурда шуд.Ҳангоми азназаргузаронии мошини мазкур ронанда ва мусофири он ба сӯи кормандони ШБДА аз яроқи оташфишон тир холӣ карда, якеро ба ҳалокат расонида, дигареро захмӣ намуда, аз ҷои ҳодиса фирор менамоянд.Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои фаврию ҷустуҷӯӣ мошини тамғаи «Опел-Астра» ва шахсони дар он буда муайян гардиданд. Ҳангоми дастгир намудан фирориён ба кормандони милитсия муқобилияти мусаллаҳона нишон доданд, ки дар натиҷаи он 1 нафар узви гуруҳи террористӣ нобуд карда шуд. Аз ҷои ҳодиса яроқи оташфишон ва дигар лавозимоти ҷангӣ дарёфт карда шуд. Барои дастгир намудани шахси дигар ва аъзои гуруҳи террористӣ чорабиниҳои фаврию ҷустуҷӯӣ идома доранд. Ба хотири гузаронидани корҳои тафтишотӣ ному насаби онҳо ошкор карда намешавад.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






