Ҷамъоварии беш аз 57 млн. ҳаққи суғуртавӣ
Душанбе,15 январ.(АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода ).-Дар давоми соли 2012 аз рӯи ҳамаи намудҳои суғурта 57 млн. 743 ҳазору 900 сомонӣ ҳаққи суғуртавӣ ворид гардид ва нақшаи пешбинишуда 129,7 фоиз иҷро шуд, — гуфт зимни нишасти матбуотӣ 15 январ муовини аввали директори КВД «Тоҷиксуғурта» Абдулло Абдуллоев. Вай афзуд, ки аз ҷумла аз рӯи намудҳои ҳатмии суғурта 41738,3 ҳазор сомонӣ ва аз рӯи намудҳои ихтиёрии суғурта 16005,5 ҳазор сомонӣ ҳаққи суғуртавӣ ворид гардид,ки мутаносибан ба 124,9 ва 144,1 фоизи нақшаи пешбинигардида баробар мебошад. Аз ҳаққи суғуртавии дар соли 2012 воридшуда 72,3 фоиз ба намудҳои ихтиёрии суғурта мансуб аст. Ин нишондиҳанда дар давраи муқоисавӣ мутаносибан 73,3 ва 26,7 фоиз мебошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






