Ҷилавгирӣ аз хориҷшавӣ
Душанбе, 23 январ. (АМИТ «Ховар», Суғдмеҳри Маъруфзод).-Тибқи иттилои Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз сафар ба ФР муҳоҷирони кишварро зарур аст бо масъули бахши қабул ва маслиҳатдиҳӣ ба муҳоҷирони меҳнатии Хадамоти муҳоҷират ва шуъбаи маълумотдиҳии «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» оид ба дурустии ҳуҷҷатҳо, шиноснома, шаҳодатномаи таваллуд, маълумотномаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои расмӣ машварат намоянд, зеро аз сабаби беаҳамиятӣ зоҳир намудан нисбат ба ҳуҷҷатгузорӣ ҳамасола 100 нафар муҳоҷири кишвар аз давлати қабулкунанда ронда мешавад.Ба гуфтаи Абдуллои Қодирӣ, сухангӯи дафтари матбуоти ин ниҳод, низоми санҷиши ҳуҷҷатҳо аз тариқи «оn- line» ҳамарӯза дар фурудгоҳ фаъол буда, ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва мусофирон дар бораи доштан ва ё надоштани иҷозаи вуруд ба қаламрави Русия хизмат мерасонад. Ҳамзамон аҳамияти низоми мазкур дар он аст, ки шахсоне, ки вурудашон ба қаламрави Федератсияи Русия манъ шудааст, пешакӣ маълумоти дақиқ дар бораи иҷозати сафарро дарёфт намуда, аз ихроҷ шудан аз қаламрави ФР ҷилавгирӣ мекунанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






