Ҷойҳои нави корӣ барои бонувон
Кӯлоб, 7 январ.(АМИТ «Ховар», С.Холов). – Бинобар иттилои мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Саида Нурляминова тибқи қарори ҳукумати ҶТ дар бораи тасдиқи «Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисон аз ҳисоби занон ва мусоидат ба шуғли онҳо барои солҳои 2012 – 2015» дар шаҳри Кӯлоб аксари занон соҳиби ҷои кори доимӣ гаштаанд. Дар ин давра ба раёсати Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ 923 нафар зан- ҷӯяндаи кор муроҷиат кардааст, ки аз ин шумора 470 нафараш номнавис шуда, ба 170 нафар зан мақоми бекор дода шуда ва 13 нафар ба иҷрои корҳои муваққатӣ сафарбар шуданд. Инчунин 150 нафар зану ҷавондухтари бешуғл ба омӯзиши компютер, дӯзандагӣ, бофандагӣ ва зардӯзӣ сафарбар гардиданд. Гуфта мешавад, ки то ин муддат 273 нафар зан дар шаҳри Кӯлоб аз рӯи ихтисоси гуногун бо ҷои кори доимӣ таъмин гардидааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






