25 000 сомонӣ барои ҷойи аввал

Январь 17, 2013 14:30

Душанбе, 17 январ. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов).– Федератсияи дзюдои кишвар дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ аввалин мусобиқаи мутлақи кушодаи ҷумҳуриявиро дар намуди дзюдо ба хотираи гиромидошти Президенти фахрии дзюдои ҶТ, чемпиони ҷаҳон оид ба самбо Саидмуъмин Раҳимов доир мекунад.   Мақсади мусобиқа тарғиби гӯштини дзюдо байни ҷавонон, мустаҳкам намудани дўстию рафоқат миёни кишварҳои хориҷӣ ва баланд бардоштани малакаю маҳорати олии варзишгарон ба ҳисоб меравад. Дар мусобиқаи мазкур варзишгарон (мардҳо аз синни 18 боло)-и шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва кишварҳои хориҷӣ метавонанд иштирок кунанд. Мусобиқа аз рўи вазни мутлақ аз 81 кг боло гузаронида мешавад. Ба иттилои сухангӯи Кумитаи миллии олимпии ҶТ Муродалӣ Тешаев варзишгароне, ки дар вазнҳои худ ҷойҳои 1, 2 ва 3- юмро ишғол менамоянд, бо диплом ва медали Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ мешаванд. Барои ғолибон ва ҷоизадорон аз тарафи Федератсияи дзюдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотҳои нақдӣ:-барои ҷои аввал 25000 сомонӣ-барои ҷои дуюм 10000 сомонӣ-барои ҷойҳои сеюм 7000 сомонӣ (ду ҷои сеюм) пешбинӣ шудаанд. Мусобиқа 6 апрели соли 2013 дар Маҷмааи варзишии Кумитаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад.

Январь 17, 2013 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд