3 амалиёти бобарор ва мусодираи 150 кг маводи мухаддир
Душанбе, 8 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Кормандони мақомоти амнияти миллӣ дар ҷараёни баргузории амалиёти навбатии фаврӣ-ҷустуҷўйӣ дар шаҳри Хуҷанд, аз гардиши ғайриқонунӣ қариб 29 килограм маводи мухаддирро мусодира намуданд. Тавре ба мо аз маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар ҷараёни коркарди чорабинии мушаххаси фаврӣ-ҷустуҷўйӣ кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд маълумоти оперативӣ гирифтанд, ки қочоқчиён бо истифода аз нақлиёти мусофиркаш мунтазам, аз минтақаи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ба шаҳри Душанбе ва сипас тавассути шоҳроҳи Душанбе-Чанак ба ҳудуди вилояти Суғд маводи мухаддир интиқол медиҳанд. Ҳамчунин муайян карда шуд, ки автомошинаи мазкур дар мошинсарой, ки ба шаҳрванд Нурмамадов Мамадёр Худоёрович, сокини шаҳри Хоруғ тааллуқ дорад, гузошта шудааст.Вобаста ба ин ҳолат, шаби 3-юм ба 4-уми январи соли равон дар ҳудуди маҳаллаи 18-уми шаҳри Хуҷанд амалиёти фаврӣ-ҷустуҷўйӣ баргузор карда шуд. Ҳангоми азназаргузаронии воситаи нақлиёт аз дохили зарфи сўзишворӣ ва 2 пинҳонгоҳи махсус барои интиқоли маводи мухаддир сохташуда 55 адад бастаи селофанӣ бо 28 килограму 278 грам ҳашиш дарёфт ва мусодира гардид. Соҳиби автомошина ба кормандони мақомоти амнияти миллӣ пурра маълум аст, вале бо мақсади халал нарасонидан ба рафти тафтишоти пешакӣ, айни замон аз овардани ному насаби ў худдорӣ карда мешавад.Айни замон нисбати қазияи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ давом дорад.Маврид ба ёдоварист, ки дар давоми 10 рўзи охир ин сеюмин амалиёти бобарори кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аст, ки дар натиҷа аз гардиши ғайриқонунӣ 150 килограм маводи мухаддир мусодира гардидааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






