34 фоизи аҳолии ҶТ ҷавононанд
Душанбе, 24 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- «Наздик ба 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон умуман хондаю навишта наметавонанд, ки аз ин шумора 4 ҳазор нафарашон сокинони деҳоти ноҳияҳои ҷумҳуриянд»,- иттилоъ дод зимни нишасти матбуотӣ 24 январ сардори раёсати демография ва шуғли аҳолии Агентии омори назди Президенти ҶТ Абдувалӣ Қулов. «Қисмати зиёди ин гуна одамон бинобар сабаби гирифторӣ ба бемориҳое, чун халалдор гардидани шунавоӣ, биноӣ, кӯтоҳақлӣ ва дигар бемориҳо аз хондан маҳрум мондаанд»,- таъкид кард А. Қулов. А. Қулов зикр кард, ки тибқи омори навтарин саршумори умумии аҳолии ҷумҳурӣ 7 миллиону 917 нафар буда, аз ин шумора 34,5%-и аҳолиро ҷавонони то синни 30-сола ташкил медиҳанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






