406 медали варзишгарони тоҷик
Душанбе, 7 январ. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Кумита бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш зиёда аз 79 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ва 21 чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо фарогирии 9432 нафар наврасону ҷавонон доир намуд, гуфта шуд имрӯз дар нишасти матбуотии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ.Ҳамчунин дар ин муддат зиёда 191 нафар варзишгари тоҷик дар 77 чемпионати ҷаҳон, Осиё ва мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ ширкат варзида, сазовори 406 медал, аз ҷумла, 106 медали тилло, 117 медали нуқра ва 183 медали биринҷӣ гардиданд. Боиси зикр аст, ки имрӯз дар қаламрави ҷумҳурӣ 115 варзишгоҳи дорои ҷои нишаст, 43 ҳавзи шиноварӣ, 5076 майдончаи оддии варзишӣ ва 1036 толори варзишӣ мавҷуд аст, ки дар онҳо наврасону ҷавонон ба тарбияи бадан ва солимгардонӣ фаро гирифта шудаанд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






