49 нафар шаҳрванди ИМА дар Тоҷикистон фаъолият дорад
Душанбе, 11 январ. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Дирӯз мулоқоти муовини сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидғуфрони Абдулло бо мушовири дуввуми Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Эрик Ҷейкобс оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ доир гардид. Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи робита бо ҷомеаи ХМ ҲҶТ Абдуллоҳи Қодирӣ иттилоъ дод, дар вохӯрӣ зикр шуд, ки то имрӯз бо ФР, Ҷумҳурии Қазоқистон, Қирғизистон ва Беларус 4 созишнома ба имзо расида, бо 3 кишвар созишномаҳо тасдиқ (ратификатсия) шудаанд. Хадамоти муҳоҷират ба нақша гирифтааст, ки бо Ҷумҳурии Украина, Кореяи Ҷанубӣ ва Давлати Қатар низ созишномаҳоро ба имзо расонад. «Тибқи маълумот 1 ҳазору 573 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандии Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро пазируфтаанд ва Тоҷикистон аз рӯи мақом дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ мавқеи 4-умро ишғол менамояд. Бояд гуфт, ки имрӯз 49 нафар шаҳрванди ИМА дар Тоҷикистон фаъолият менамоянд», зикр кард С. Абдулло.Инчунин Э. Ҷейкобс доир ба се масъалаи асосӣ: интиқоли маблағҳо, хариду фурӯши одамон ва қонуне, ки ахиран дар Федератсияи Русия оид ба омӯзиши забони русӣ ва маҳдудиятҳое, ки дар ҷараёни татбиқи он барои муҳоҷирони меҳнатӣ ба бор меоранд, пурсон шуд. Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо ризоияти худро баҳри тақвияти ҳамкориҳо ва мулоқоти навбатӣ бо Консули ИМА дар Тоҷикистон ҷиҳати соддагардонӣ ва дарёфти виза барои шаҳрвандон-муҳоҷирони меҳнатии тоҷик баён доштанд, хабар дод манбаъ.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад






