6 медали тиллои карате-дочиён
Душанбе, 8 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Охири моҳи декабри соли 2012 варзишгарони тоҷик дар риштаи карате-до, намуди шотокам аз чемпионати ҷаҳон бо 6 медали тилло, 6 медали нуқра ва 2 медали биринҷӣ ба ватан баргаштанд. Мусобиқа дар Волгогради Русия баргузор гардид. Дар мусобиқа зиёда аз 10 кишвар дар ҳайати 150 варзишгар байни ҳам қувваозмоӣ намуданд. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон барандагони медалҳои тилло миёни писарон Азизҷон Худойбердиев дар вазни 35 кг, Илҳом Мирпочоев дар вазни 55 кг Далер Баротов дар вазни 67 кг ва Дилшод Аҳмадов дар вазни 75 кг гардиданд. Аз духтарон ду нафар: яке Назира Нозимова дар вазни 54 кг ва дигаре Мавлуда Тӯраева дар вазни 67 кг соҳиби медали тилло гардиданд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» Муродалӣ Тешаев, сухангӯи Кумитаи миллии олимпии ҶТ иттилоъ дод.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






