9,5 млн. сомонӣ барои 57 лоиҳаи сармоягузорӣ
Душанбе, 28 январ. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода).-Аз 1 январи соли 2013 маҷмӯи лоиҳаҳои сармоягузории амалкунандаи Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон аз 57 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ иборат буда,маблағи умумии онҳо қариб 9,5 млн.сомониро ташкил медиҳад, ки аз ин маблағ 3 млрд.245 млн .сомонӣ маблағи грантӣ мебошад,- афзуд зимни нишасти матбуотӣ 28 январ раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Давлаталӣ Саидов.Ӯ ҳамчунин зикр намуд, ки маҷмуи лоиҳаҳо 11 соҳаи гуногуни иқтисодиётро дар бар гирифтааст ва қисми зиёди он аз ҷониби Бонки рушди Осиё ва Бонки Умумиҷаҳонӣ маблағгузорӣ мешавад.Дар доираи татбиқи лоиҳаҳои мазкур то 1 январи соли 2013 5,8 млрд.сомонӣ азхуд шудааст,ки ин 62,3 % маблағи умумиро ташкил медиҳад. Азхудкунии маблағҳо дар соли 2012 зиёда аз 880 млн.сомониро ташкил намуд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






