А. Холиқов: «Таъмини таҳсилоти динӣ- самти асосии фаъолияти Кумитаи дин »
Душанбе, 8 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-Абдураҳим Холиқов, раиси Кумитаи корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як нишасти хабарӣ таҳсилоти диниро аз самтҳои асосии фаъолияти Кумита хонда, таъкид намуд, ки то имрӯз дар Кумита 6 муассисаи таълими динӣ, як гимназияи исломӣ ва як донишкадаи исломӣ фаъолият мекунанд. Ин дар ҳолест, ки ба иттилои А.Холиқов дар баробари он, ки дар мадрасаҳои мутавассита, гимназияи исломӣ ва Донишкадаи исломии Тоҷикистон хонандагон ва донишҷӯён ба таълим ҷалб шудаанд, теъдоди зиёде аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар донишгоҳҳои исломии хориҷӣ низ таҳсил мекунанд. Ҳамчунин зикр гардид, ки чанде қабл бо дастури Ҳукумати мамлакат дошинҷӯёне, ки худсарона дар хориҷ аз кишвар, аз ҷумла дар мадрасаҳои динии Покистону Афғонистон ба тадрис ҷалб шуда буданд ба кишвар баргардонида шуданд. Бояд гуфт, ки алъон дар донишкадаҳои динии хориҷи кишвар 202 нафар толибилми тоҷик аз тариқи расмӣ ва ғайрирасмӣ таҳсил доранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






