Афзоиши боварӣ ба «Боварӣ»

Январь 8, 2013 12:46

Душанбе, 8 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Баробари ба фаъолият оғоз намудани телефони боварии вазири корҳои дохилӣ, ки дар муддати як соли фаъолияти худ мушкилкушои бисёре аз шаҳрвандон гардид, ҳамзамон дар муддати кӯтоҳи таъсиси он даҳҳо ҷиноятҳои вазнин ошкор шуда, бисёр ҷиноятҳои дигар ба қайд гирифта шуданд.   Аз оғози фаъолият аз ҷониби гуруҳи кормандони телефони «Боварӣ»-и вазири корҳои дохилӣ 648 муроҷиати шаҳрвандони кишвар қабул гардид, ки ҳамаи он бо супориши бевоситаи вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов аз ҷониби бахшҳои дахлдори Вазорати корҳои дохилӣ мавриди тафтишу баррасии ҷиддӣ ва воқеъбинона қарор дода шуда, ба шаҳрвандон ҷавобҳои хаттӣ ва расмӣ ирсол гардид. Муроҷиати шаҳрвандон гуногунмазмун буда, дар баробари тақозои ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҳуқуқии рӯзгорашон, онҳо инчунин аз фаъолияти ғайриқаноатбахши баъзе кормандони милитсия низ шикоят намуданд, ки ҳамаи он зери тафтиш ва санҷиши қатъӣ қарор дода шуд.Хотиррасон менамоем, ки телефони «Боварӣ»-и вазири корҳои дохилӣ ба таври шабонарўзӣ фаъолият намуда, ҳар нафар метавонад бе восита ба он занг зада, оид ба ҳама гуна қонуншиканӣ, бахусус ҷиноятҳои вазнин, аз қабили таҳрибкорӣ, ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ ва ё террористӣ, одамкушӣ, одамрабоӣ ва инчунин қонуншикании кормандони милитсия арзу шикояти худро пешниҳод намояд, ки он бевосита ба вазири корҳои дохилӣ пешниҳод гардида, нисбат ба ҳар як далел санҷиши воқеъбинона гузаронида шуда, қарорҳои қонунӣ қабул мешавад.

Январь 8, 2013 12:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд