Афзоиши муҳоҷирони меҳнатӣ

Январь 24, 2013 11:07

Душанбе, 24 январ. (АМИТ «Ховар» Суғдмеҳри Маъруфзод).-Муҳоҷирати меҳнатӣ равандест, ки аксари кишварҳои олам бо ин падида рӯ ба рӯ мебошанд ва тибқи маълумоти Созмони байналмилалии муҳоҷират дар соли 2010 теъдоди муҳоҷирони меҳнатӣ 214 миллион нафарро ташкил дода, бо пешбиниҳое, ки коршиносон ва мутахассисони соҳаи муҳоҷират анҷом додаанд, то соли 2050 теъдоди муҳоҷирон дар олам ба 405 миллион нафар мерасад. Тибқи иттилои Абдулло Қодирӣ, сухангӯи дафтари матбуоти Хадамоти муҳоҷират, шумораи муҳоҷирони тоҷик дар айни замон 744 ҳазору 360 нафарро ташкил медиҳад. Наздик ба 90%-и муҳоҷирони меҳнатии мо ба ФР сафар менамоянд. Надонистани забони русӣ ва надоштани касбу ҳунари ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат яке аз мушкилоти асосии муҳоҷирони меҳнатии мо мебошад, ки дар ҳама ҳолат монеи фаъолияташон мегардад.

Январь 24, 2013 11:07

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд