Афзоиши музди меҳнат дар Шӯрообод

Январь 29, 2013 12:18

Кӯлоб, 29 январ. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Дар ноҳияи Шӯрообод нишасти матбуотӣ бо иштироки хабарнигорони ВАО баргузор гардид. Раиси ноҳия Амирхон Икромов гуфт, ки соли 2012 баҳри таъмини иҷрои нишондиҳандаҳои иқтисодӣ дар ноҳия корҳои мушаххас мавриди амал қарор дода шуда, нисбат ба соли 2011 маҷмӯи истеҳсолоти дохилӣ 15 фоиз, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 12 фоиз, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,3 фоиз, ҳаҷми сармоягузориҳо аз ҳамаи манбаъҳо 17 фоиз, ҳаҷми савдои чакана 45 фоиз ва хизматрасонии пулакӣ 38 фоиз афзоиш ёфт. Ба гуфтаи манбаъ дар ин давра нақшаи буҷаи маҳаллӣ 126 фоиз ва пардохтҳои иҷтимоӣ 128 фоиз иҷро шуд, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда мутаносибан 863 ҳазору 313 сомонӣ зиёд гардида, дар ин муддат музди меҳнати кормандони соҳаи буҷавӣ пурра пардохта шуда, бақяпулиҳои андози давлатӣ дар ноҳия нисбат ба аввали сол ба маблағи 116 ҳазору 734 сомонӣ кам шуданд. Дар ноҳия тӯли ин муддат музди миёнаи меҳнат то 378 сомонӣ афзоиш ёфт, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 102, 7 сомонӣ зиёд мебошад.

Январь 29, 2013 12:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд