Афзоиши шаҳрвандоне, ки табаияти Русияро мегиранд
Душанбе, 29 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Аз 3, 8 миллиард долларе, ки аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ ба кишварамон дар соли 2012 интиқол дода шудааст, ҳудуди 1 миллиард доллараш маблағест, ки аз содироти меваи хушк, сабзавот ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар ба даст омадааст. Танҳо дар соли сипаригардидаи 2012 Тоҷикистон ба хориҷи кишвар 160 ҳазор тонна ё ба маблағи 42 миллион доллар меваи хушк содир намудааст. Инчунин шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия кор ва зиндагӣ мекунанд ва табаияти Русияро доранд, дар интиқоли маблағҳо ба кишварамон саҳми босазо мегузоранд, гуфт вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Шариф Раҳимзода. Мавсуф афзуд, ки тибқи маълумоти омории соли 2010 дар Русия беш аз 200 ҳазор шаҳрванди кишварамон кору зиндагӣ доранд, ки дорои табаияти Русия мебошанд. Вазир таъкид кард, ки раванди муҳоҷирати меҳнатӣ тамоюли ҷаҳонӣ дорад. Бархе аз кишварҳои ҷаҳон маҳз ба туфайли маблағҳое, ки аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ ба кишварҳояшон интиқол меёбад, иқтисодиёти худро рушд мебахшанд. Ба ин тамоюли муҳоҷирати шаҳрвандони Туркия ба Олмон мисол шуда метавонад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






