«Амонатбонк» дар низоми бонкӣ ҷои аввалро ишғол менамояд
Душанбе, 16 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Даромади софи Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» дар соли 2012 ба 19,2 млн. сомонӣ баробар шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2011 72,2% зиёд аст. Чанде қабл зимни нишасти матбуотӣ раиси БДА «Амонатбонк» Гулнора Ҳасанова гуфт, ки ҷалби амонатҳо дар ин давра зиёд гардида, бақияи он то якуми январи соли 2013 ба 940,4 млн. сомонӣ расид, ки нисбат ба соли 2011 22,5% зиёд аст. Бояд гуфт, ки дар айни замон шумораи амонатгузорони бонк ба 317 ҳазор расидааст, ки аз рӯи ин нишондиҳанда «Амонатбонк» дар низоми бонкӣ ҷои аввалро ишғол менамояд. «Дар соли ҳисоботӣ бонки мо ба 14 ҳазору 519 нафар мизоҷ ба маблағи 321,5 млн. сомонӣ маблағҳои қарзӣ пешниҳод намуд, ки нисбат ба соли 2011 38,5% зиёд аст», — зикр кард Г. Ҳасанова. Сарвари бонки мазкур инчунин иброз дошт, ки тавассути «Амонатбонк» дар маҷмуъ 127 млн. сомонӣ ба иқтисодиёти кишвар ворид шудааст, ки 64 млн. сомонии он ба соли ҳисоботӣ рост меояд. .








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






