Анҷоми лоиҳаи USAID оид ба ислоҳоти замин
Душанбе, 24 январ . (АМИТ «Ховар», Сарвинози Руҳуллоҳ) –Фаъолияти сесолаи лоиҳаи USAID оид ба ислоҳоти замин, ки ба бунёди асоси бозори ҳуқуқи истифодабарандагони замин равона гардидааст, ба анҷом расид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Амрико дар Душанбе хабар доданд. Лоиҳаи USAID аз оғози фаъолияти худ ба таҳким ва ҳимояи ҳуқуқҳои истифодабарандагони замин, рушди замина ва сохторҳои бозори ҳуқуқи истифодабарандагони замин бо роҳи пешниҳоди дастгирии техникӣ, барномаҳои омӯзишӣ, робита бо ҷомеа ва воситаҳои ахбори омма равона шуда буд. Тавре ки сафири Амрико дар Тоҷикистон Сюзан Эллиотт гуфт: “Ислоҳоти замин қисми таркибии рушди бахши кишоварзӣ аст ва кафолати ҳуқуқҳои деҳқонон ҳам дар ин самт омили асосии рушди минбаъдаи ин соҳа мебошад». Зимнан, дар давоми се соли фаъолияти лоиҳа беш аз 107 000 ҳазор нафар шаҳрванд бевосита аз кӯмаки он баҳраманд шуд. Лоиҳаи USAID оид ба ислоҳоти замин дар Тоҷикистон яке аз лоиҳаҳои сершумори кӯмакдиҳандаи USAID мебошад. Аз соли 1992 инҷониб мардуми Амрико тавассути барномаҳо ва кӯмакҳои башардӯстона барои дастгирии ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 1 миллиард доллари ИМА ироа намудааст.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






