Асадулло Раҳмонов: «40 кас рафт, 80 кас меояд»

Январь 11, 2013 15:00

Душанбе, 11 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-Чанде қабл зиёда аз 40 нафар кормандони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нафақа гусел карда шуданд. Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи телевизион ва радио Асадулло Раҳмонов иброз намуд, ки бо мақсади пур кардани ҷои онҳое, ки ба нафақа рафтааанд, Кумита тасмим дорад, тибқи озумун аз ҳисоби кадрҳои болаёқат 80 нафарро ба кор ҷалб кунад.  Маврид ба зикр аст, ки Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чанд соли охир чандин маротиба бо баргузории озмунҳо хоҳишмандонро ба кор дар соҳаи телевизион ва радио ҷалб менамояд, то ба ин восита шаффофияти озмун ва интихоби кадрҳо таъмин гардад. Феълан дар тобеияти Кумитаи мазкур 4 шабакаи телевизионӣ ва 4 шабакаи радиоӣ фаъолият мекунад.

Январь 11, 2013 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад