Аудити дохилӣ ва назорати Вазорати молия ба камбудӣ роҳ намедиҳад
Душанбе, 26 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). –Чанде қабл вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмиддинов зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки аз ҷониби Раёсати аудити дохилӣ ва назорати вазорат дар соли сипаригардида ба маблағи 9,6 млн. сомонӣ камбудиҳо ошкор гардиданд. Дар натиҷаи санҷишҳо 4,9 млн. сомонии ин маблағ ба буҷа барқарор шуда, 23 маводи санҷишӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ равона ва 2 млн. сомонӣ маблағи зарар супорида шуд. Бояд гуфт, ки ин маблағҳо барои таъмини нафақа, ҷубронпулӣ инчунин барои истифодаи соҳаҳои маорифу тандурустӣ равона шудаанд. С. Наҷмиддинов муътақид бар он аст, ки чунин камбудиҳо дар вилояти Хатлон ду мавод дар ҳаҷми 549 ҳазор сомонӣ, дар Файзобод дар доираи 576 сомонӣ, дар Ваҳдат чор мавод дар доираи 460 ҳазор сомонӣ, инчунин дар Шаҳринав, Тавилдара, Рашт ва вилояти Суғд низ ошкор гардидаанд. «Як қисми маблағҳои ошкоргардида ба буҷа ворид шуда, ояндаи наздик мо кор бурда истодаем, ки маблағҳои боқимонда низ пурра ба буҷа ворид шаванд ва нисбат ба шахсоне, ки ба ин камбудиҳо роҳ додаанд, тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд», — гуфт вазири молия.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






