Аудити дохилӣ ва назорати Вазорати молия ба камбудӣ роҳ намедиҳад

Январь 26, 2013 12:22

Душанбе, 26 январ. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). –Чанде қабл вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмиддинов зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки аз ҷониби Раёсати аудити дохилӣ ва назорати вазорат дар соли сипаригардида ба маблағи 9,6 млн. сомонӣ камбудиҳо ошкор гардиданд. Дар натиҷаи санҷишҳо 4,9 млн. сомонии ин маблағ ба буҷа барқарор шуда, 23 маводи санҷишӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ равона ва 2 млн. сомонӣ маблағи зарар супорида шуд.  Бояд гуфт, ки ин маблағҳо барои таъмини нафақа, ҷубронпулӣ инчунин барои истифодаи соҳаҳои маорифу тандурустӣ равона шудаанд. С. Наҷмиддинов муътақид бар он аст, ки чунин камбудиҳо дар вилояти Хатлон ду мавод дар ҳаҷми 549 ҳазор сомонӣ, дар Файзобод дар доираи 576 сомонӣ, дар Ваҳдат чор мавод дар доираи 460 ҳазор сомонӣ, инчунин дар Шаҳринав, Тавилдара, Рашт ва вилояти Суғд низ ошкор гардидаанд. «Як қисми маблағҳои ошкоргардида ба буҷа ворид шуда, ояндаи наздик мо кор бурда истодаем, ки маблағҳои боқимонда низ пурра ба буҷа ворид шаванд ва нисбат ба шахсоне, ки ба ин камбудиҳо роҳ додаанд, тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд», — гуфт вазири молия.

Январь 26, 2013 12:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад