«АВВАТ» зиёда аз 1 млн. тонна бор кашонид
Душанбе, 26 январ. (АМИТ «Ховар», Фирӯза Давлатова).-Соли сипаригардида бо ҳамаи намудҳои нақлиёт ба ҷумҳурӣ 68 млн. 280,4 ҳазор тонна бор кашонда шудааст.Бо нақлиёти истифодаи умум 16 млн. 482 ҳазор тонна, нақлиёти истифодаи ғайриумум 1 млн. 365,3 ҳазор тонна, бо нақлиёти соҳибкороне, ки ба боркашонии тиҷоратӣ машғуланд 36 млн. 457,5 ҳазор тонна, бо нақлиёти Асосиатсияи байнахалқии «АВВАТ»- 1 млн. 690,6 ҳазор тонна бор кашонда шудааст. Таносуби боркашонии нақлиёти автомобилӣ дар ҳаҷми умумии боркашонӣ 87,7 фоизро ташкил дод.Дар соли 2012 кашонидани бор бо нақлиёти роҳи оҳан 8409,6 ҳазор тонна ва бо нақлиёти ҳавоӣ 2,5 ҳазор тонна борро ташкил додааст.Инчунин дар соли гузашта бо ҳамаи намудҳои нақлиёти мусофирбар 517,2 млн. нафар мусофир кашонда шудааст. Аз шумораи умумии мусофирони кашондашуда бо нақлиёти истифодаи умум 262,8 млн нафар ё 50,8 фоизи ҳаҷми умуми мусофирон кашонда шудааст. Дар ин бора аз Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






