Аз сарзамини Ҳинд ба Душанбе чӣ меоранд?
Душанбе, 24 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Интизор меравад, ки дар оянда Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе дорои ҳайвони бузургҷусса –фил, инчунин кенгуру мегардад. Қурбон Одинаев, директори Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки дар ин масъала пешниҳоди роҳбарияти Боғи ҳайвоноти пойтахт тавассути номаи расмии раиси шаҳри Душанбе ба унвони Сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон ирсол гардидааст. Ҳамзамон барои овардани кенгуру ба давлати Чехия низ дархост пешниҳод шудааст. Дар Боғи ҳайвоноти шаҳрӣ Душанбе, ки беш аз 50 сол фаъолият дорад, беш аз 800 сар ҳайвоноти гуногун, паррандаю хазандаҳо нигоҳ дошта мешаванд. Соли 2007 Боғи ҳайвоноти пойтахт аъзои Ассосиатсияи минтақавии Боғҳои ҳайвоноти Осиёю Аврупо ва аквариум гардида, бо Боғҳои ҳайвоноти кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, давлатҳои соҳили Балтика, Олмон, Лаҳистон, Булғористон, Славакияю Чехия ҳамкорӣ дорад. Дар назар аст, ки дар асоси нақшаи асосии шаҳри Душанбе Боғи ҳайвоноти пойтахт ба дигар мавзеи шаҳр кӯчонида шавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






