Б. Одинаева: «Айбномаҳо нисбат ба «Ком-Эйр» беасосанд»
Душанбе, 29 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- «Тамоми айбҳо нисбат ба ширкати ҳавоии «Ком-Эйр»-и Афғонистон вобаста ба қочоқи маводи мухаддир асоси воқеӣ надошта, ба ҳақиқат рост намеоянд»,-гуфт зимни нишасти матбуотӣ 29 январ муовини директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бушафша Одинаева.«Имрӯз мо ба дархости худ аз фурудгоҳи Душанбе ҷавоб гирифтем ва дар он гуфта мешавад, ки «Ком-Эйр» ба Душанбе аз 3 декабри соли 2007 инҷониб дар як ҳафта як маротиба парвоз анҷом медиҳад. Дар тӯли ин муддат аз ҷониби ин ширкати ҳавоӣ боре ҳам ягон далели гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ошкор нашудааст, аз ҷумла бо гумони қочоқи маводи мухаддир нафаре дастгир нашудааст»,-зикр кард Б. Одинаева.Ёдовар мешавем, ки чанд рӯз қабл ИМА ширкати ҳавоии «Ком-Эйр»-и Афғонистонро дар қочоқи маводи мухаддир ба Тоҷикистон айбдор донистанд. Тибқи гуфтаи ҳарбиёни ИМА гӯё ин ширкат тавассути хатсайрҳои шаҳрвандӣ ба Тоҷикистон миқдори калони маводи мухаддирро интиқол додааст.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






