Баҳор дар зимистон ва ё ҳадяи ҳавои саудӣ

Январь 25, 2013 15:54

Душанбе, 25 январ. (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Бо вазидани ҳавои гарм аз нимҷазираи Арабистони Саудӣ ба кишварамон рӯзҳои 28-29 январ ҳарорати ҳаво дар ҷумҳурӣ боло рафта, гармии ҳаво дар қисмати ҷанубии ҷумҳурӣ- вилояти Хатлон рӯзона то 16 -20 дараҷа, дар Суғд 10-15 ва дар шаҳри Душанбе ба 15-16 дараҷа мерасад. 27 -30 ва 31 январ дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок боқӣ монда, боридани боронҳои кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад. Парвина Саидҷамолова –мудири шуъбаи пешгӯии боду ҳавои Муассисаи давлатии обуҳавошиносии кишвар мегӯяд, ки боло рафтани ҳарорати ҳаво дар охири моҳи январ дар ҷумҳурӣ ҳолати муқаррарист. Имрӯз 25 январ ҳавои пойтахти ҷумҳурӣ -шаҳри Душанбе рӯзона 14 ва шабона 5 дараҷа гарм мешавад.

Январь 25, 2013 15:54

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад