Барқияи шодбошии Э. Раҳмон ба Президенти Туркманистон

Январь 27, 2013 10:44

Душанбе, 27 январ. (АМИТ «Ховар»). — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳамедов барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, чунин гуфта мешавад:«Муҳтарам Гурбонгули Бердимуҳамедов,Бистумин солгарди барқароршавии муносибатҳои дипломатии миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон ба ман имконияти гуворо медиҳад, ки табрикоти самимона ва орзуҳои беҳтаринамро ба Шумо ва дар симои Шумо ба тамоми мардуми бародари туркман ирсол дорам.Аз лаҳзаҳои ба даст овардани истиқлолият кишварҳоямон мунтазам ба пурра сохтани мазмуни нави ҳамкориҳои байнидавлатии худ, бо ҳамгиройии фаъол дар арсаи байналмилалӣ, кӯшиш мекунанд. Имрӯз, дар идомаи анъанаҳои хуби муносибатҳои дӯстӣ ва ҳусни таваҷҷуҳи мутақобилаи халқҳоямон, ки решаи амиқи таърихӣ доранд, муносиботи Тоҷикистону Туркманистон динамикаи баланди рушд дорад. Дар андозагирии сиёсӣ миёни кишварҳои мо дар асоси принсипҳои ошкоро, боварӣ ва дастгирии мутақобила муколимаи доимӣ дар сатҳи олӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳамчун элементи асосии муносиботи муосири байнидавлатӣ ҳамкориҳои иқтисодии гузошташудаи Тоҷикистону Туркманистон мунтазам густариш ёфта, робитаҳоро дар соҳаҳои фарҳангӣ ва гуманитарӣ таҳким мебахшанд. Маводи муфассал доир ба ин ва дигар мавзуъҳои фаъолияти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла матн, акс ва навори видеоиро метавонед аз сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «president.tj» дастрас намоед.

Январь 27, 2013 10:44

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд