Барқияи шодбошии Г. Бердимуҳамедов ба Э. Раҳмон

Январь 27, 2013 10:37

Душанбе, 27 январ. (АМИТ «Ховар»). — Президенти Ҷумҳурии Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳамедов ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, чунин гуфта мешавад:  «Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович! Шарафмандам, ки аз номи халқ ва Ҳукумати Туркманистон, ҳамчунин шахсан аз номи худам Шумо ва тамоми мардуми дӯсти кишвари Шуморо самимона бо беҳтарин таманниёт ба муносибати 20-умин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатӣ миёни Туркманистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистони шодбош гӯям. Дар ин давра робитаҳои дӯстонаи мо самаранок рушд ёфта, мунтазам густариш меёбанд. Бо таваҷҷуҳ ба сатҳи баланди кунунии равобити миёни кишварҳоямон, мехоҳам махсус таъкид намоям, ки тайи солҳои охир ҳамкориҳои дуҷониба марҳилаи наверо касб кардаанд. Боиси хушнудист, ки таваҷҷуҳи дуҷониба дар густариши минбаъдаи муколима ва ҳамгироӣ дар ҳамаи соҳаҳо, дар асоси принсипҳои баробарӣ, эҳтироми ҷонибҳо ва дӯстии манфиатноки дуҷонибаи халқҳои Туркманистону Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуданд.Имрӯз кишварҳои мо ба таври васеъ муваффақона ҳамкорӣ менамоянд ва мо ба таҳкими муносибатҳои дуҷонибае, ки ҷавобгӯи ҳавасмандии дарозмуддати кишварҳоямонанд, аҳамияти калон медиҳем. Робитаҳои дуҷонибаи тиҷоратию иқтисодӣ ба таври динамикӣ рушд ёфта, ба фаъолияти Комиссияи байниҳукуматии Туркманистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ аз бисёр ҷиҳат мусоидат мекунанд. Робитаҳои Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаҳои фарҳанг, илм ва маориф бомуваффақият рушд мекунанд, ки омили асосии ба ҳам наздик сохтани халқҳои ду давлат, таҳкими дӯстӣ ва ҳусни тафоҳуми онҳо мебошад. Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович! Халқҳои давлатҳои моро бисёр чизҳо алоқаманд ва ба ҳам наздик мекунанд, моро таърихи муштарак ва анъанаҳои неки сулҳхоҳона муттаҳид мекунад. Туркманистон азм дорад, ки минбаъд низ таҷрибаи даврони гузаштаи робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии миёни давлатҳоямонро таҳким бахшад. Мутмаинам, ки муносиботи миёни Туркманистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд ҳам ба манфиати халқҳоямон рушд хоҳад кард. Бо истифода аз фурсат, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, иҷозат диҳед ҷиҳати таваҷҷуҳи хосаатон, ки ба ҳамкориҳои Туркманистону Тоҷикистон нигаронида шудаанд, изҳори сипос намоям ва аз таҳти дил ба Шумо саломатӣ ва дар фаъолияти пурмасъули давлатиатон комёбиҳои нав ва ба халқи дӯсти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешрафт ва шукуфоӣ орзумандам. Маводи муфассал доир ба ин ва дигар мавзуъҳои фаъолияти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла матн, акс ва навори видеоиро метавонед аз сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «president.tj» дастрас намоед.

Январь 27, 2013 10:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад