Барқияи шодбошии Г. Бердимуҳамедов ба Э. Раҳмон
Душанбе, 27 январ. (АМИТ «Ховар»). — Президенти Ҷумҳурии Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳамедов ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, чунин гуфта мешавад: «Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович! Шарафмандам, ки аз номи халқ ва Ҳукумати Туркманистон, ҳамчунин шахсан аз номи худам Шумо ва тамоми мардуми дӯсти кишвари Шуморо самимона бо беҳтарин таманниёт ба муносибати 20-умин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатӣ миёни Туркманистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистони шодбош гӯям. Дар ин давра робитаҳои дӯстонаи мо самаранок рушд ёфта, мунтазам густариш меёбанд. Бо таваҷҷуҳ ба сатҳи баланди кунунии равобити миёни кишварҳоямон, мехоҳам махсус таъкид намоям, ки тайи солҳои охир ҳамкориҳои дуҷониба марҳилаи наверо касб кардаанд. Боиси хушнудист, ки таваҷҷуҳи дуҷониба дар густариши минбаъдаи муколима ва ҳамгироӣ дар ҳамаи соҳаҳо, дар асоси принсипҳои баробарӣ, эҳтироми ҷонибҳо ва дӯстии манфиатноки дуҷонибаи халқҳои Туркманистону Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуданд.Имрӯз кишварҳои мо ба таври васеъ муваффақона ҳамкорӣ менамоянд ва мо ба таҳкими муносибатҳои дуҷонибае, ки ҷавобгӯи ҳавасмандии дарозмуддати кишварҳоямонанд, аҳамияти калон медиҳем. Робитаҳои дуҷонибаи тиҷоратию иқтисодӣ ба таври динамикӣ рушд ёфта, ба фаъолияти Комиссияи байниҳукуматии Туркманистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ аз бисёр ҷиҳат мусоидат мекунанд. Робитаҳои Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаҳои фарҳанг, илм ва маориф бомуваффақият рушд мекунанд, ки омили асосии ба ҳам наздик сохтани халқҳои ду давлат, таҳкими дӯстӣ ва ҳусни тафоҳуми онҳо мебошад. Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович! Халқҳои давлатҳои моро бисёр чизҳо алоқаманд ва ба ҳам наздик мекунанд, моро таърихи муштарак ва анъанаҳои неки сулҳхоҳона муттаҳид мекунад. Туркманистон азм дорад, ки минбаъд низ таҷрибаи даврони гузаштаи робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии миёни давлатҳоямонро таҳким бахшад. Мутмаинам, ки муносиботи миёни Туркманистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд ҳам ба манфиати халқҳоямон рушд хоҳад кард. Бо истифода аз фурсат, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, иҷозат диҳед ҷиҳати таваҷҷуҳи хосаатон, ки ба ҳамкориҳои Туркманистону Тоҷикистон нигаронида шудаанд, изҳори сипос намоям ва аз таҳти дил ба Шумо саломатӣ ва дар фаъолияти пурмасъули давлатиатон комёбиҳои нав ва ба халқи дӯсти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешрафт ва шукуфоӣ орзумандам. Маводи муфассал доир ба ин ва дигар мавзуъҳои фаъолияти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла матн, акс ва навори видеоиро метавонед аз сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «president.tj» дастрас намоед.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






