Барқияи шодбошии Нурсултон Назарбоев ба Эмомалӣ Раҳмон
Душанбе, 7 январ. (АМИТ «Ховар»). — Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта шудааст:«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,Аз номи мардуми Қазоқистон ва шахсан аз номи худам Шуморо ба муносибати 20-умин солгарди барқароршавии муносибатҳои дипломатии байни Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик менамоям. Аз лаҳзаҳои ба даст овардани истиқлолият Қазоқистон ва Тоҷикистон муносибатҳои дӯстӣ ва бародариро, ки анъанаҳои бисёрасраи таърихию фарҳангӣ доранд, мунтазам густариш медиҳанд.Дар ин ду даҳсола кишварҳои мо роҳи мушкили эъмори давлатдорӣ ва таҳкими соҳибистиқлолиро тай намуданд.Мутмаинам, кӯшишҳои якҷояе, ки ба густариши минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба равона шудаанд, ба азнавсозии босамари Қазоқистон ва Тоҷикистон, тақвияти мавқеи байналмилалии онҳо, баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандони ҳарду кишвар мусоидат хоҳанд кард. Ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, тансиҳатии бардавом, саодат ва дар фаъолияти минбаъдаи муҳими давлатиатон муваффақият, ба мардуми Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ таманно дорам».








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






