Барномаи минтақавӣ барои Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя
Душанбе, 11 январ. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Дирӯз дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дуюмин мулоқоти ҳамоҳангсозии шахсони масъули вазоратҳо ва идораҳое, ки ба татбиқи «Барномаи минтақавӣ барои Афғонистон ва кишварҳои ҳамсояи он дар солҳои 2011-2013» шомиланд, баргузор шуд. Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Агентии мазкур иттилоъ доданд, мақсади асосии мулоқот ба маълумоти вазорату идораҳо расонидани натиҷаҳои татбиқи «Барномаи минтақавӣ барои солҳои 2011-2012» ва чорабиниҳои наве буд, ки дар соли 2013 ба нақша гирифта шудаанд. Дар ҷараёни мулоқот ширкаткунандагон асосҳо ва ҷанбаҳои ҳуқуқии барномаро баррасӣ намуданд. Ин вохӯрӣ имкон хоҳад дод, ки майдони ҳуқуқӣ барои ҳамкориҳои минбаъда миёни ҳамаи идораҳои дахлдор таъмин гардад, гуфт манбаъ. Бояд гуфт, ки мулоқот аз ҷониби «Барномаи минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ташкил карда шуд. Ёдовар мешавем, ки дар барномаи мазкур кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳамчунин Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон ширкат мекунанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






