Баррасии ҳамкориҳо оид ба раванди лоиҳаи CASA-1000
Душанбе, 29 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-Имрӯз дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири энергетика ва саноат Гул Шералӣ бо директори иҷроияи котиботи Шӯрои байниҳукуматӣ оид ба лоиҳаи CASA-1000 Томас Брюер баргузор гардид. Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳо оид ба раванди лоиҳаи CASA-1000, масъалаҳои таҳия ва омода намудани ҳуҷҷатҳои дахлдор, таҳияи ҷадвали корӣ вобаста ба марҳилаҳои лоиҳаи мазкур мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Ҷонибҳо аз натиҷаи вохӯрӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамчунин иброз доштанд, ки ҷиҳати вусъати корҳо вобаста ба лоиҳаи CASA-1000 иқдоми минбаъда тибқи нақшаҳои муайянгардида анҷом дода хоҳад шуд. Дар ин бора аз котиботи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






