Баррасии ду лоиҳаи қонуни мукаммал дар парлумон
Душанбе, 14 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ду лоиҳаи қонуни мукаммал — лоиҳаи қонуни Чумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ» ва лоиҳаи Конуни Чумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ»-ро имрӯз аъзои Шӯрои палатаи поёнии парлумони мамлакат дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров –раиси Маҷлиси намояндагон баргузор шуд, баррасӣ намуданд. Зикр шуд, ки лоиҳаи ин қонунҳо аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ ба парлумони кишвар пешниҳод гардидааст. Лоиҳаи Қонуни Чумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ» асосҳои танзими давлатии суғуртаи ҳатмии нафақавиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намуда, муносибатҳои ҷамъиятиро дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ ба танзим медарорад. Инчунин вазъи ҳуқуқии субъектҳои суғуртаи ҳатмии нафақавӣ, заминаҳои пайдоиш ва тартиби татбиќи ҳуқуқу ӯҳдадориҳои онҳо ва ҷавобгарии субъектҳои суғуртаи ҳатмии нафақавиро муайян мекунад.Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаи сармоягузорӣ» бо мақсади ба танзим даровардани раванди имзои созишномаи сармоягузорӣ ва ҷалби бештари сармояи мустақим ба иқтисодиёти кишвар пешниҳод гардидааст. Лоиҳаи қонуни мазкур аз 4 боб ва 24 модда иборат буда, масъалаҳои имзои созишномаи сармоягузорӣ, шарту шароити сармоягузорӣ, молу мулкӣ, ҳифзи муҳити зист, қатъи фаъолият, уҳдадориҳои иҷтимоӣ ва меҳнатиро байни сармоягузор ва давлат ба танзим медарорад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






