Баррасии фаъолияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ
Душанбе, 4 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Дар ҷаласае, ки имрӯз дар Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, фаъолияти Кумита дар соли 2012, самтҳои асосии фаъолият, нақшаи кор барои нимсолаи аввали соли 2013 ва як қатор масъалаҳои дигар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.-Дар баробари дастоварду пешравиҳо ҳанӯз дар ҳар се соҳа, бахусус дар сатҳи маҳалҳо мушкилотву масъалаҳои ҳалталаб зиёданд ва новобаста аз мушкилоти мавҷуда, албатта, бо ҷалби мутахассисон, ҷиҳати самаранокии кор ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта бояд талош варзем, зеро масъулияти танзим ва дарёфти механизми коркарди рушди се самти хеле муҳим аз вазифаҳои асосии мост. Ҳамроҳӣ ва ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдору сохторҳои масъули дастгоҳи марказӣ ва ба ин минвол дастгирии дуҷониба дар шароити имрӯза аз манфиат холӣ набуда, метавонад ҷиҳати рафъи мушкилоти соҳа заминаи мусоидеро фароҳам оварад,- зикр намуд зимни сухаронии худ муовини аввали раиси Кумита К. Ҷӯраев.Ҳамчунин гузориши сардорони раёсатҳои ВМКБ, вилоятҳои Суғд, Хатлон ва шаҳри Душанбе ва се бахши навоҳии тобеи марказ вобаста ба ҷамъбасти фаъолият дар соли 2012 шунида шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






