Беҳрӯз ҷоизаи Исмоили Сомонӣ гирифт

Январь 4, 2013 16:31

Душанбе, 4 январ. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- Ҳамасола хатмкунандагони Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода чандин намоишномаҳои дипломиро пешниҳод менамоянд. Тавре ки ноиби ректори Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Тағоймурод Назаров ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, омӯзгори ҷавони кафедраи санъати тасвирии факултаи театри бадеии ДДСТ Беҳрӯз Забиров соҳиби ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Диплому мукофоти нақдии кумита гардид. Ҳамчунин ҳунармандони студияи «Аҳорун»-и Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи Муҳаммадҷон Қосимов, яъне хатмкунандагони шуъбаи актёрии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо ҷоиза ва мукофотпулии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор гардиданд. Ёдовар мешавем, ки ҳунармандони студияи «Аҳорун»-и Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи Муҳаммадҷон Қосимов, яъне собиқ хатмкунандагони шуъбаи актёрии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода намоишномаи «Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон »-ро дар Театри академии драмаи русии ба номи В. Маяковский намоиш дода буданд.

Январь 4, 2013 16:31

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд