Боғи ҳайвонотро ба куҷо мекӯчонанд?

Январь 22, 2013 15:54

Душанбе, 22 январ.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе дар оянда ба дигар мавзеи пойтахт кӯчонида мешавад. Интизор меравад, ки шаҳрдории Душанбе дар робита ба кӯчонидани Боғи ҳайвоноти пойтахт ҷиҳати дарёфти андешаву пешниҳодҳои муфид байни сокинон ва пажуҳишгоҳҳои лоиҳакашӣ озмуни кушод эълон менамояд. Мавриди зикр аст, ки масъалаи кӯчонидани Боғи ҳайвоноти пойтахт дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат дар соли 2012-ум ва вазифаҳо барои соли 2013, ки 15 январ дар Душанбе баргузор гардид, матраҳ шуда буд. Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе соли 1961 дар масоҳати 1,5 гектар ташкил шуда, алҳол ҳудуди он 6, 17 гектарро ташкил медиҳад. Дар Боғи ҳайвоноти пойтахт 115 намуди ҳайвонот, паррандаю хазандаҳо нигоҳ дошта мешаванд, ки аксарияташон ба «Китоби Сурх» ворид шудаанд.

Январь 22, 2013 15:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад