Боздошти аъзои гуруҳи трансмиллӣ бо 30 кг героин

Январь 21, 2013 08:27

Душанбе, 21 январ. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Аз ҷониби Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд боз як далели гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ошкор ва пешгирӣ шуда, аз нашъаҷаллобон 30 килограмм маводи сахттаъсири героин мусодира гардид.   Аз маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки 15 январи соли 2013 дар ҷараёни амалиёти махсуси фаврию ҷустуҷўӣ дар ҳудуди маҳаллаи «Водник»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аъзои гуруҳи трансмиллӣ боздошт шуданд, ки ба харидуфурўши маводи нашъадор машғул буданд. Дар вақти азназаргузаронии мошини сабукрави тамғаи «Опел-Караван», таҳти идораи шаҳрванд Шарипов Мухтор Ғафурович, соли таваллудаш 1969, сокини шаҳри Хуҷанд ва яке аз ҳаммаслакони хориҷии номбурда шаҳрванди ӯзбектабори Ҷумҳурии Қазоқистон Раҳимов Бахтиёр Ўрунбоевич, соли таваллудаш 1976, сокини шаҳри Ҷамбул, кўчаи Айбергенов, хонаи 8, 30 адад бастаи сафеди селофанӣ ба миқдори умумии 30 килограмм маводи сахттаъсири героин дарёфт ва мусодира шуд. Аснои боздошт ашхоси гумонбар дар қочоқи маводи нашъаовар ба кормандони мақомоти амнияти миллӣ муқобилияти ҷисмонӣ нишон доданд. Ҳангоми кўшиши фирор аз ҷойи ҳодиса Мухтор Шарипов ба ҷарӣ афтода, ҷароҳат бардошт ва ба беморхона интиқол ёфт. Аз рўи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишоти пешакӣ давом дорад.Тибқи маълумоти фаврӣ, ба гуруҳи трансмиллӣ яке аз сокинони вилояти Суғд, ки бо назардошти ҷараёни тафтишот ному насабаш ифшо намешавад, сарварӣ менамояд. Дастаи мазкур солҳои тўлонист, ки ба интиқол ва харидуфурўши маводи мухаддир тавассути шоҳроҳи Душанбе — Хуҷанд машғул мебошад. Ҷинояткорон ният доштанд, ки аз тариқи қаламрави Қирғизистон 30 килограмм героинро аз Тоҷикистон ба Қазоқистон интиқол диҳанд. Ёдовар мешавем, ки танҳо дар давоми 20 рўзи охир кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд зиёда аз 180 килограмм анвои мухталифи маводи нашъадорро мусодира намуданд. Бояд гуфт, ки бо гузаронидани амалиёти навбатӣ теъдоди муайяни ҷиноятпешагон боздошт ва пеши роҳи интиқоли маводи марговар ба кишварҳои дигари минтақаи Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Русия сари вақт гирифта шуд.

Январь 21, 2013 08:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!