Боздошти сокини Душанбе бо мухаддирот ва туфангча
Душанбе, 8 январ. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалиёти муваффақонаи мусодираи маводи мухаддирро аз муомилоти ғайриқонунӣ ба анҷом расониданд. Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Агентии мазкур иттилоъ доданд, як сокини 34-солаи пойтахт, ки гумон мерафт ба тиҷорат ва интиқоли мухаддирот сарукор дорад, муддати дароз мавриди пайгирӣ қарор дошт.Рӯзи ниҳоии амалиёт дар ҷараёни кофтукови маҳалли истиқомати ӯ кормандони фаврӣ 22 бастаи дорои маводи хамирмонанди дорои бӯи махсусро ошкор ва мусодира намуданд. Тибқи хулосаи шуъбаи ташхиси судии Агентӣ маводи мусодирашуда воситаи нашъаовари афюн буда, вазни он ҳудудан 10 килоро ташкил медод. Дар ҷараёни роҳандозии чорабинии дигари фаврию ҷустуҷӯӣ дар хонаи боздоштшуда силоҳи оташфишон — туфангчаи тамғаи “Макаров” бо тирҳояш кашф ва мусодира шуд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






