Бозгӯии рӯзгори муҳоҷир
Душанбе, 18 январ. (АМИТ «Ховар», Музаффар Рустамов).- Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани имиҷи (симои) муҳоҷирони меҳнатӣ, фаъолияти меҳнатии ҳамватанони муҳоҷир-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони хориҷӣ дар Тоҷикистон, инчунин доир ба масъалаҳои ташкилии сафар, вазъи умумии кору зиндагӣ ва мушкилоти онҳо дар кишварҳои хориҷӣ, касбу ҳунар ва забономӯзии муҳоҷирон, қонуну қоидаҳои будубоши мамлакатҳои қабулкунанда нашрияи расмии худ- «Муҳоҷир»-ро дар соли 2012 роҳандозӣ намуд. Ба иттилои сардори шуъбаи робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ Абдуллои Қодирӣ рӯзномаи «Муҳоҷир» аз нашрияҳои нахустинест, ки бо ин ном дар Тоҷикистон ба табъ расида, ҳар моҳ ду маротиба чоп мешавад ва он инъикосгари рӯзгори муҳоҷирони тоҷик аст.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






