Бунёди 10 бунгоҳи тиббӣ дар Муъминобод
Кӯлоб, 15 январ.(АМИТ «Ховар», С. Холов). – Бинобар иттилои менеҷери маркази саломатии ноҳияи Муъминобод Рустам Шарипов дар соли сипаригардида дар ноҳия аз 39 адад муассисаи кӯмаки тиббию аввалияи санитарӣ 2 муассиса пурра аз нав сохта шуда, 8 муассисаи дигар аз таъмири асосӣ бароварда шуд. Дар таъмиру навсозии муассисаҳо ҳиссаи Хадамоти тандурустии Оғохон бештар буда, барои корҳои навсозӣ 63 000 доллари ИМА сарф гардидааст. Инчунин дар ин самт саҳми аҳолӣ ва буҷаи маҳалӣ низ назаррас буда, 10 бунгоҳро бо лавозимоти тиббӣ ва мизу курсӣ таъмин кардаанд. Мутаассифона, дар бунгоҳҳо нарасидани мутахассисон, мавҷуд набудани таҳлилгоҳи клиникӣ, биохимиявӣ, таҷҳизоти ҳозиразамони тиббӣ, ба монанди дастгоҳҳои аксбардорӣ (рентген) ва ултрасадо барои хизматрасонии хуби тиббӣ ба аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






