Бунёди боғ бо ниҳолҳои фаронсавӣ
Душанбе, 19 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- «Бунёди боғу токзори нав дар майдони 10 ҳазору 34 гектар тибқи дурнамо 118%-ро ташкил дода, аз ҷумла бо маблағҳои буҷаи ҷумҳурӣ боғҳои намунавӣ дар майдони 65 гектар: дар шаҳри Панҷакент 20 гектар, дар ноҳияи Ховалинг 20 гектар, дар Муъминобод 20 гектар ва дар ноҳияи Ҳисор 5 гектар боғи интенсивӣ бо ниҳолҳои аз Фаронса оварда шуда бунёд гардид»,- иттилоъ доданд ба хабарнигорони ВАО масъулини Вазорати кишоварзӣ. Мувофиқи маълумоти оморӣ то 1 январи соли 2013 дар майдони 10089 (118,7%) гектар боғу токзори нав бунёд шудааст, ки аз он боғи зардолу-3722 (126,3%) ва токзор-806,3 (89,0%) гектарро ташкил медиҳад. Дар соли 2012 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба андозаи 10,4 фоиз таъмин гардида, ҳаҷми он зиёда аз 16,5 млрд. сомониро ташкил дод. Аз ҷумла, суръати афзоиш дар соҳаи растанипарварӣ ба 10,6 фоиз ва дар чорводорӣ ба 9,7 фоиз баробар гардид. Ҳамчунин зикр шуд, ки бо мақсади таъмини бозорҳои пойтахт бо маҳсулоти кишоварзӣ ва танзими нарх дар ҳамкорӣ бо «Тоҷикматлубот» ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе 29 маротиба ярмарка — фурӯш гузаронида шуда, ҷамъ 1142 тонна маҳсулоти босифат ба аҳолӣ пешкаш гардид.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






