Бунёди хонаҳои истиқоматӣ вусъат меёбад
Душанбе, 16 январ. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева). — Дар тӯли соли 2012 мактабҳои таҳсилоти умумӣ барои 17908 ҷой, дармонгоҳ барои 672 қабул дар як баст, беморхонаи дорои 195 кат ба истифода дода шуданд, -гуфт имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорони дохилӣ ва хориҷӣ директори Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати ҶТ Абдувалӣ Комилов. Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки дар ин муддат дар масоҳати умумии 873 ҳазору 216 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуданд. Дар ин давра ҳамчунин аз фондҳои асосӣ ба маблағи 2 миллиарду 319 миллиону 21 ҳазор сомонӣ маблағ фаъол гардонида шуда, иҷрои корҳои сохтмонию васлгарӣ 3 миллиарду 716 миллиону 169 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






