Бунёди Маркази бонувон дар Кӯлоб
Душанбе, 28 январ. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-Ҳукумати Ҷопон дар чаҳорчӯбаи кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ 111,694 доллари ИМА барои «Лоиҳаи сохтмони Маркази бонувон дар шаҳри Кӯлоб» ҷудо намуд. Ҳукумати Ҷопон бо дархости СГД «Наҷоти кӯдакон» тасмим гирифт, ки дар ҳамкорӣ бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) таъсиси Маркази бонувон ва паноҳгоҳ дар шаҳри Кӯлобро дастгирӣ намояд. Ин маркази дуошёна аз 12 утоқ иборат буда, занон ва кӯдакони дучори зӯроварии ҷисмониро бо мақоми зисти муваққатӣ таъмин менамояд. Маркази мазкур имконияти ташкили фаъолияти ҳуқуқӣ, руҳӣ ва тиббиро ба аҳолии ниёзманд фароҳам оварда, масъалаҳои ҳалталабро баррасӣ менамояд. Гузашта аз ин, дар марказ дарсҳои омӯзишии дарздӯзӣ, таббохӣ ва компютерӣ барои занон ва духтароне, ки барояшон малакаҳои зисти иқтисодии мустақилона зарур аст, гузаронида мешаванд. Дар назар аст, ки бунёди Маркази бонувон савияи саводи ҳуқуқии бонувонро баланд бардошта, сатҳи зиндагии занон ва оилаҳои онҳоро дар минтақаҳои Кӯлоб беҳтар мегардонад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






