Cармоягузории «AREBA» ва «Total» дар Тоҷикистон
Душанбе, 23 январ. (АМИТ «Ховар», Фирӯза Давлатова).- Дирӯз дар Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии сардори Саридора Азим Иброҳим бо сафири Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Дидйе Леруа баргузор гардид.Ин вохӯрӣ бо дархости сафири Фаронса баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба муҳокима шуданд.Ҳамчунин сафири Фаронса иброз дошт, ки бисёр ширкатҳои фаронсавӣ, аз ҷумла ширкати «AREBA» ва «Total» ба соҳаи геологияи Тоҷикистон сармоягузорӣ карданиянд.Дар ҷамъбаст А. Иброҳим оид ба ҳамкорӣ бо ширкатҳои фаронсавӣ дар соҳаи геология изҳори омодагӣ намуда ва аз таваҷҷуҳи ин ду ширкат, ки минбаъд дар Тоҷикистон сармоягузорӣ мекунанд, қаноатмандии хешро иброз дошт.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






